SMS-паёмак василаи фасл


Бархе аз созмонҳои занон дар шаҳри Қурғонтеппа мегӯянд, ки чандин марди муҳоҷири тоҷик аз Русия ба ҳамсаронашон, ки дар вилояти Хатлон ба сар мебаранд, ба ҷойи навиштани SMS–ҳо ё паёмакҳои ошиқона ва саршор аз муҳаббату суханони зебо «талоқ-паём» ирсол кардаанд.

Ва чандин зан ногаҳон баъди баланд шудани садои телефунҳои ҳамроҳашон аз шавҳаронашон, ки солиёни дарозе дар интизорашон буданд, ба ҷойи дуруду пурсупос аз ҳамсаронашон калимаи «талоқ»-ро шунидаанд.

Албатта, талоқ аз тариқи телефунҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон падидаи тозае нест ва дар гузашта низ гузоришҳое дар ин бора мунташир шудаанд, вале ба гуфтаи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи зан, талоқҳои телефунӣ аз сӯйи мардони муҳоҷир дар вилояти Хатлон дар ин авохир рӯ ба афзоиш аст.

SMS-талоқ

Агарчи талоқи ҳамсар аз тариқи телефунҳои ҳамроҳ ё бо ирсоли паёмак (SMS) барои мардони муҳоҷир коре бас осон аст ва пул ва замони зиёде барои он сарф намешавад, аммо ин амр паёмадҳои равонӣ, иҷтимоъӣ ва иқтисодии бисёр сангине барои занон дорад.

Рисолат Ҳакимова, раиси созмони ғайридавлатии «Занони Хатлон», ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳамарӯза занони зиёде баъди талоқ гирифтан аз шавҳарон ва бесарпаноҳ мондани худ ва кӯдаконашон барои гирифтани машваратҳои ҳуқуқӣ ба ин марказ муроҷеъа мекунанд.

Дар миёни онҳо теъдоди занҳое ҳам, ки аз тариқи телефуни ҳамроҳ ё бо ирсоли паёмак аз шавҳарони муҳоҷири худ дар Русия ва ё кишварҳои дигар талоқ гирифтаанд, кам набудаанд.

Хонуми Ҳакимова мегӯяд дар як моҳи ахир чандин зан барои гирифтани машваратҳои ҳуқуқӣ ба созмони «Занони Хатлон» муроҷеъа карданд ва се нафар аз онҳо занони кӯдакдоре будаанд, ки шавҳаронашон онҳоро бо ирсоли паёмак талоқ додаанд.

Вай афзуд: «Занони зиёде ба маркази мо муроҷеъа мекунанд, ки мушкилоти гуногуне доранд. Бештари онҳоро шавҳаронашон аз Русия талоқ додаанд. Ва ҳамин талоқҳои паёмакӣ ҳам ҳаст, ки зиндагии чандин занро вайрон сохтааст.»

«Баъди хондани паёмакҳои талоқ аз шавҳар сангинтарин рӯзгор насиби зан мешавад, чун ӯ дар ҷойе таҳсил накарда ва шуғле ҳам наметавонад пайдо кунад. Ва бештари ин гуна занон кӯдакдор ҳастанд.»

«Хабари бад»

Созмонҳои занон ва идораи сабти аҳволи шаҳрвандии вилояти Хатлон мегӯянд дар бораи заноне, ки бо дарёфти паёмакҳо аз телефуни ҳамроҳ талоқ гирифтаанд, ҳеч гуна оморе мавҷуд нест. Ҳамчунин, мушовара бо занон бештар ба таври пинҳонӣ (анонимно) анҷом мешавад ва ифшои ҳувияти онҳо ҷоиз нест.»

Баъди хондани паёмаки шавҳарам дуд аз димоғам баромад ва зиндагӣ дар чашмонам тира шуд. Бовар намекардам, ки хабари баде ба ман мерасад

Бо ин ҳол, манобеъи идораи сабти аҳволи шаҳрвандии вилоят гуфтанд, ки дар соли ҷорӣ 1069 хонавода расман аз ҳам пошидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132 маврид бештар аст. Ин арқом шомили талоқҳои телефунӣ ҳам мешавад.

Лайло номи мустаъори занест, ки ӯро дар як маркази машварати ҳуқуқӣ дучор омадам. Вай аз ҷумлаи занҳоест, ки бо дарёфти паёмак ё SMS аз шавҳараш аз шаҳри Уфаи Русия талоқ гирифтааст.

Лайло, ки дар яке аз маҳаллоти шаҳри Қурғонтеппа зиндагӣ мекунад, розӣ шуд дар бораи ин мавзӯъ бо ман сӯҳбат кунад, аммо ба ин шарт, ки номашро ифшо накунам ва аз ӯ акс ҳам нагирам.

Вай гуфт: «Як шаб бо писарам дар хона будам ва бо модарам гап мезадем. Баъди он ки сӯҳбатро бо модар тамом кардам, ба телефунам аз шумораи шавҳарам як SMS (паёмак) расид. Ҳарчанд дар гузашта ҳаргиз аз шавҳарам сухани хубе нашунида будам, вале аз ин иттифоқ хеле хурсанд шудам.»

Вале хурсандии Лайло чанд сония бештар напойид: «Баъди хондани паёмаки шавҳарам дуд аз димоғам баромад ва зиндагӣ дар чашмонам тира шуд. Бовар намекардам, ки аз ӯ ба ҷойи суханони муҳаббатомез хабари баде ба ман мерасад.»

«Умеди ботил»

Агарчи бархе аз занони талоқшуда аз тариқи паёмакҳои телефунӣ ба пайванди дубора бо шавҳарони худ умедворанд, вале уламои исломӣ мегӯянд, ки умеди ин гуна занон ботил аст.

Аз ҷумла, Қорӣ Абӯбакри Бурҳониддин, як рӯҳонии ҷавон, мегӯяд дар дини ислом талоқ аз тариқи телефун ё паёмак (SMS) ба андозаи баёни лафзии талоқ, яъне ончи шавҳар ба забон меорад, мӯътабар аст ва пайванди дубора миёни завҷайн дар чунин шароите раво нест.

Вай мегӯяд: «Чизе ки дар дил аст ва дар ҷойе навишта ё гуфта мешавад, қобили инкор нест. Агар паёмакро дарвоқеъ шавҳари ҳамон зан фиристода бошад, пас никоҳи мазҳабӣ миёни онон бурида мешавад. Ин амр дар мавриди талоқ аз тариқи зангҳои телефунӣ (садоӣ) ҳам содиқ аст.»

Фотима Икромова, равоншиносе маҳаллӣ, мегӯяд бо чандин зани бешавҳармонда сӯҳбат кардаасту онҳоро дар вазъиятҳои гуногуни равонӣ дидааст.

Вай мӯътақид аст, ки талоқ дар ҷомеъаи мардсолори Тоҷикистон бар хилофи худи мардон бар зиндагии занон ва вазъияти равонии онон асароти бештар ва ҷиддитаре мегузорад.

Хонуми Икромова афзуд: «Барои зане, ки бо вуҷуди мушкилоти хонаводагӣ сабру тоқатро пеша карда ва шавҳарашро солҳову моҳҳо интизорӣ мекашад, баногоҳ талоқ гирифтан аз тариқи телефун ё бо дарёфти паёмак вазъияте мусибатбор аст.»

«Албатта, ин гуна занон дар вазъиятҳои равонии гуногуне қарор доранд ва он ҳангом мумкин аст даст ба ҷурме зананд ё қасди худкушӣ кунанд. Ман бо занҳое вохӯрдам, ки аз тариқи телефун ё бо дарёфти SMS (паёмак) талоқ гирифта ва вазъияти равонии фоҷеъаборе доштанд.»

«Бемасъулиятӣ»

Ҷомеъашиносону таҳлилгарон дар вилояти Хатлон афзоиши фурӯпошии хонаводаҳо, бавижа аз тариқи телефун ва паёмакҳои телефуниро, ба авомили зиёде муртабит медонанд.

Чизе ки дар дил аст ва дар ҷойе навишта ё гуфта мешавад, қобили инкор нест. Агар паёмакро дарвоқеъ шавҳари ҳамон зан фиристода бошад, пас никоҳи мазҳабӣ миёни онон бурида мешавад

Аз ҷумла, Наргис Қосимова, коршиносе маҳаллӣ, мегӯяд мардҳо баъд аз он ки дар ватан азоби зиёдеро мебинанд, пас аз муҳоҷират ба Русия, дар он ҷо кор карда, зиндагии худро хуш мегузаронанд ва дигар ёди зану кӯдаконашон намекунанд.

Хонуми Қосимова мӯътақид аст, ки истифода аз фанновариҳои мудерн, монанди телефуни ҳамроҳ, ки василаи муҳимми иртиботист, кори мардонро, аз ҷумла дар заминаи талоқи ҳамсарон, бамаротиб осонтар кардааст.

Вай мегӯяд: «Барои мардон талоқи телефунӣ ё SMS роҳи бисёр осоне барои аз дӯш андохтани масъулияти хонавода аст. Онҳо, ки дар мардикорӣ ба хонаҳояшон пул равон карда наметавонанд, худро бароҳатӣ аз тариқи телефон аз масъулият озод мекунанд.»

Хонуми Қосимова мегӯяд барои рафъи ин мушкил бояд шароите ба миён овард, то мардон натавонанд ба ин осонӣ ва бо истифода аз фанновариҳои ҷадид аз масъулияти хонаводагии худ сар тобанд.

«Онҳо ҳамон гуна, ки издивоҷ карданд, бояд омада, никоҳашонро лағв кунанд, аз ҷумла никоҳи расмияшонро. Як сухан, ки аз тариқи телефун ё SMS (паёмак) мерасад ва никоҳи суннатии моро ботил мекунад, занеро бешавҳар ё кӯдакеро аз падару модар ҷудо месозад.»

«Тайёрхӯр»

Гуфта мешавад бештари заноне, ки аз тариқи зангҳои телефунӣ ва паёмак (SMS) аз шавҳаронашон дар Русия талоқ гирифтаанд, нафароне будаанд, ки никоҳи расмӣ надоштаанд.

Табиъист, ки ин гуна занон дар сурати шикоят ба додгоҳҳо низ аз ирс ё маҳрия ва ҳатто кумакпулии шавҳарон барои фарзандонашон пас аз талоқ (алимент) бархурдор намешаванд.

Ҳамчунин, дар миёни муҳоҷироне, ки занони худро бо телефун талоқ медиҳанд, мардони ҷавоне ҳам ҳастанд, ки бо хоҳиши волидони худ ҳамсаронашонро ба хотири «тайёрхӯр» будан, талоқ медиҳанд ва аз хона пеш мекунанд.

Аммо дар бештари маворид занҳои рондашуда бо худ кӯдаконе ҳам доранд, ки батанҳоӣ аз ӯҳдаи хӯрондану пӯшондани онҳо барнамеоянд. Дар натиҷа, зиндагии сахту тоқатфарсое дар пеши рӯйи онҳост, ки намедонанд чи гуна дар баробари мушкилоти он истодагӣ кунанд.

Агарчи зангҳои телефунӣ ва SMS ё паёмакҳои муҳоҷирон зиндагии ободи чандин занро дар вилояти Хатлон табоҳ карда, вале ҳастанд нафароне, аз ин васоили иртиботии мудерн ба наҳви мусбате баҳра мегиранд.

Назурбӣ аз ҷумлаи духтароне мебошад, ки аз тариқи телефун бо ҷавоне шинос шудааст. Ин ҷавон ҳоло барои мардикорӣ ва дарёфти маблағ барои анҷоми арӯсияшон ба Русия рафтааст.

Назурбӣ мегӯяд, ки ин ҷавон ҳамарӯза ба ӯ занг зада, аҳволпурсӣ мекунад ва паёмакҳои ошиқона мефиристад. Пас, агар ишқе дар миёна бошад, телефуни ҳамроҳ фосила миёни завҷайн ё дӯстдоронро кӯтоҳ мекунад ва онҳоро мумкин аст ба васл бирасонад, вагарна,.. он василаи фасл аст.

Об авторе Орзуи Карим

Журналист. Хабарнигори BBC-дар Хатлон.
Запись опубликована в рубрике Uncategorized. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Оставьте комментарий