Сел хонаҳои бо меҳнати 15-солаи муҳоҷирон бунёдшударо валангор кард (ВИДЕО)


Радиои Озодӣ

5Бар асари сел дар ноҳияи Қубодиён як нафар ҷони худро бохт, чандин тан маҷрӯҳ шуда, зиёда аз 70 хона пурра ё қисман тахриб шуданд.

Сел ҷасади як кӯдаки 6-соларо аз Қубодиён ба дурии 8 километр то ноҳияи Носири Хисрав бурд, чандин танро захмӣ ва хонаҳоро вайрон кард.

Бинобар маълумоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, 150 нафар аз 21 хонавода, ки хонаҳояшонро сел вайрон кард, дар хаймаҳо ҷойгир шуда, ба онҳо обу ғизо ва дорувор расонда мешавад. Соҳибони ҳудудан 50 хонаи дигар, ки манзилҳояшон қисман хароб шудаанд, шабро дар хонаи хешу табор рӯз намуда, рӯзона асбобкашӣ мекунанд, зеро ба онҳо гуфтаанд, ки зиндагӣ дар он хонаҳо бехатар нест.

Аммо онҳое низ ҳастанд, ки дигар хона надоранд. Ислом Холёров, сокини 43 солаи деҳаи Заркамари ноҳияи Қубодиён, ки 15 сол боз дар Русия кор мекунад, ҳоло намедонад, ки борону сел дар шаби 12 ба 13-уми май хонаи ба сахтӣ бунёдкардаи ӯро валангор кардааст. Ҳамсараш низ наметавонад ба ӯ занг бизанад, чун мобилаш дар зери лой мондааст.

Ислом барои сохтани ин хона 10 сол пул ҷамъ карда буд ва онро аз роҳи “ҳашар” бо кӯмаки муҳоҷирони дигар бунёд кард. Ӯ дар хонаи навбунёд се моҳ ва зану бачаҳояш ҳамагӣ чаҳор моҳ зиндагӣ карданд. Холёров, ки дар яке аз корхонаҳои нонпазии шаҳри Маскав кор мекунад, барнома дошт, ки ин сафар каме пул ҷамъ мекунад ва барои хонаводааш гову гӯсфанд мехарад. Ҳоло ҳамсари Ислом Холёров бо чаҳор фарзандаш дар хайма ба сар мебарад ва намедонад, ки шавҳараш барои сохтмони дубораи манзил пул меёбад ё не.3

«Сохтмони хонаамон ду сол давом кард, вале дар як шаб нест шуд, шавҳарам ба азоб хона сохта буд, ҳоло ба Масква рафтааст. Намедонам барои мо кӣ хона месозад ва кай соҳиби хонаи нав мешавем, дар ин хона ҳамагӣ чаҳор моҳ зиндагӣ кардем. Либосҳои писаронам, картошаю пиёз, орду равғанамро об бурд, лекин дар хона пул надоштам» – мегӯяд Валамат Холёрова, ҳамсари Ислом Холёров.

 

Танҳо хонаи Ислом Холёров нест, ки бар асари боришоту селобаҳои авоили ҳафта аз байн рафтааст. Холмирзо Сафаров, раиси ҷамоати деҳоти «Заркамар» ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз деҳаи Заркамари ҷамоати «Заркамар» 21 хона комилан ва ҳудуди 50 хона қисман хароб шудаст. Аксари мардҳо аз ин ин хонаводаҳо дар Русия буда, ин манзилҳоро дар даҳ соли охир аз пули муҳоҷират сохтаанд.

Аксари сокинони деҳаи Заркамар, ки дар як шаб аз хонаву дар ва дорияшон маҳрум шудаанд, барои гову гӯсфанди гумшуда ва ҷиҳози хонаашон, ки дар зери обу лой мондааст, ғусса мехӯранд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба онҳо иҷозат намедиҳанд, ки ба вайронаҳо, ки то дирӯз хонаҳои обод буданд, бираванд ва ҷиҳози солим мондаро аз зери обу гил берун биёранд. Кормандони “МЧС” мегӯянд, ки рафтан сӯи деворҳои валангор бехатар нест.

Гулбаҳор Ғаффорова, сокини 59 солаи “Заркамар” мегӯяд, ки 3 гов ва 8 гӯсфандашро сел бурд. Ҷамила Маҳмадиева, сокини дигари ин мавзеъ гуфт, ки хонааш валангор ва 10 фарзанду келину набераҳояш дар берун мондаанд. Салима Абдиеваи 49-сола, як бошандаи дигари деҳкадаи “Заркамар бо дареғ мегӯяд, ки писари дуюмашро хонадор карданӣ буд ва барои қудояш либосҳои зиёд харида, мебоист 14 июл тӯй барпо мекард, вале сару либос, дегу танур орду равғани тӯи писараш аз байн рафт.

Боришоти зиёд ва фаромадани сел дар аввали ҳафтаи равон дар ноҳияҳои Қубодиён, Вахш, Ёвон, Ҷиликӯл ва Хуросони вилояти Хатлон зиёда аз 80 ҳазор гектар заминро комилан хароб карда, се мактабро қисман тахриб намуд. Омори дақиқи хонаҳои харобшуда дар ин навоҳӣ феълан дастрас нест.

20150515_111720

Рубрика: Uncategorized | Оставить комментарий

Дастаи футболи Наимҷони Сайдалӣ зидди «ҷиҳод»-и Сурия


Радиои Озодӣ

Бо ташкили дастаи футбол ва сарҷамъ кардани дӯстдорони ин навъи варзиш, Наимҷони Сайдалӣ, овозхони ҷавони тоҷик мехоҳад, ҷавононро аз роҳи бад, мисли рафтан ба ҷанги Сурия, бозгардонад.

8B6A3072

Наимҷони Сайдалӣ , овозхони тоҷик, ки бештар бо таронаҳо дар мавзӯи муҳоҷират ва ғарибӣ шинохта шудааст, бо сарҷамъ кардани дӯстдорони футбол орзуи даврони бачагияш  — таъсиси дастаи футбол дар минтақаи зисташро амалӣ кард. Ин овозхони ҷавон дар пешорӯи Ҳафтаи ҷавонон дар Тоҷикистон, тими футболро дар зодгоҳаш ноҳияи Бохтар таъсис дод ва номашро ҳам “Бохтар” гузошт.

Наимҷони Сайдалӣ, ки муддате барои назорат бар бозингарони тими “Бохтар” аз Душанбе ба зодгоҳаш омадааст, рӯзи 6 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳама талошашро анҷом медиҳад, то бозингаронашро сарҷамъ нигоҳ дорад ва дастаро пешсаф кунад. Ба ин хотир мегӯяд овозхони ҷавон, ӯ барои тамрини ҳирфаии бозингаронаш беҳтарин мураббиҳоро аз дастаҳои футболи вилоят ҷалб мекунад.

Ин ҳунарпеша мегӯяд, ки тими футболашро сабти ном карда ба унвони як муассис ба ҷаласаҳои Федератсияи футболи кишвар даъват мешавад: “Дар дастаи мо 18 нафар бо шумули 16 бозингар ҷамъ шудаанд, шароити хуби бозӣ, мураббии хуб муҳайё кардем, ки бо онҳо тамрин мекунад ва бозиҳои дӯстона мегузаронанд. Дурнамои мо ин аст, ки дар оянда ба лигаи олӣ ворид шавем ва аз пешсафони футбол бошем.”8B6A3080

Наимҷони Сайдалӣ худ сармоягузори ин тим буда, барои чаҳор сол дастмузди бозигарон, хӯрок ва харҷи роҳи онҳо дар назар гирифтааст. Вай мехоҳад ҳамзамон бо нигаҳдории ин тим овозхонии худро идома ва рушд диҳад.

Наимҷони Сайдалӣ мегӯяд, дар ноҳия ҷавонони бекор, ки ба футбол ҳавас доранд, зиёданд, ҳайф мебуд агар онҳо вақти худро ба беҳудагардӣ сарф кунанд. “Футбол метавонад ҷавононро аз роҳи бад гардонад ва ба роҳи рост равона кунад”— мегӯяд ин овозхон.

“Вақте бозингарони мо тамрин мекунанд ва ё бозиҳои дӯстонаро анҷом медиҳанд, ҷавонони зиёд ба тамошои бозӣ меоянд. Фикр мекунам, ки агар ҷавонон ба ягон намуди варзиш, бахусус бозии футбол ҷалб мешавад ба роҳи бад, мисли ҷанги Сурия намераванд ва ба ҷодаҳои хатарнок по намегузоранд. Кӯшиш мекунем, ки мардумро дар вақти фароғати онҳо аз кор ба тамошои футбол даъват кунем.”

8B6A3115Кибирё Сафарова, муовини раиси ноҳияи Бохтар аз таъсиси тими футбол барои ҷавонони ноҳия истиқбол кард. Ӯ рӯзи 6 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳо боз бозии футбол дар ин ноҳия кармранг шуда буд ва таъсиси тими нав онҳоро дубора ба футбол ҳавасманд кард.

 “Наимҷон аз ҷавонони фаъол аст, ки дар ин ноҳия тими футболеро таъсис дод. Ин иқдоми ӯ дар ноҳия хуб пазироӣ шуд. Мо дастгирӣ мекунем, худи раиси ноҳия низ дастгирӣ мекунад, чун як пешравӣ аст ва бояд футбол рушд кунад, пеш аз ҳама ҷавонони бекор ва он ҷавононе, ки ба ҳар роҳи бад мераванд бояд ба ин намуд бози ҷалб шаванд.”

Федератсияи футболи вилояти Хатлон низ аз имкони эҳёи футбол дар ин ноҳия истиқбол кардааст.

Фаъол шудани як тими футбол дар Бохтар, ҷануби Тоҷикистон дар ҳолест, ки аксарияти тимҳои футболи шаҳру навоҳӣ ба хотири набуди сармояи молӣ пароканда шуда, солҳо аз онҳо хабаре набуд. Ноҳияи Бохтар низ аз ҷумлаи навоҳиест, ки солҳои охир бозингаронаш аз набуди сармоя ба муҳоҷирати корӣ баромаданд ва ё ба шаҳрҳо кӯч бастанад.

Бохтар ноҳияи дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки бахше аз вилояти Хатлон буда ва беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад. Бахши умдаи ҷавонмардони ин ноҳия ҳам мисли навоҳии дигар кишвар дар Русия кор мекунанд ва баъзеи онҳо тавассути Русия барои ҷиҳод ба Сурия рафтаанд.

 

Рубрика: Uncategorized | Оставить комментарий

Умед Тешаев барои 30 сол ба зиндон маҳкум шуд


муттаҳам

Додгоҳи вилояти Хатлон Умед Тешаев, сартарошеро, ки ба қатли як маъмури зиндон дар Кӯлоб муттаҳам шуда буд, барои 30 сол ба зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин бора манобеъи додситонии вилояти Хатлон хабар доданд. Ин манобеъ аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи ҳукми додгоҳ худдорӣ карданд, вале ба гуфтаи онҳо, вакил ва пайвандони оқои Тешаев гуфтаанд, ки аз тақозои истиноф дар мавриди ҳукми додгоҳ худдорӣ мекунанд.

Номи оқои Тешаев пас аз он расонаӣ шуд, ки дар авосити моҳи феврал хабари қатли Қаюм Умаров, раиси боздоштгоҳи Кӯлоб, тавассути як зиндонӣ мунташир шуд. Он замон Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ин ҳодиса дар утоқи кории сарҳанг Қаюм Умаров, раиси боздоштгоҳ, рух додааст.

Дар ин иттилоъия омадааст: “Маҳкумшуда Умед Тешаев, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Кӯлоб, дар утоқи кории сардори муассиса ҳангоми паст кардани мӯйи сар бо қайчии дар дасташ буда, як маротиба дар қисми сар ва 16 маротибаи дигар дар бадани …Қаюмов Умар, соли таваллудаш 1948, задааст.»

Ӯ моҳи августи соли гузашта ба иттиҳоми қатли як муштарияш ба ҳангоми сартарошӣ зиндон шуда буд. Пештар пайвандони оқои Тешаев аз шиканҷаи ӯ дар боздоштгоҳ хабар дода буданд, вале манобеъи додситонӣ ин хабарро рад карданд.

Бознашр аз BBC. Сешанбе, 10 Апрел соли 2014

Рубрика: Uncategorized | Оставить комментарий

Хатлон: Эҳтимоли маҳдудият дар ширкати беморони сил дар интихобот


111229105058_tj_mentalillness304Аксари беморони сил дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки номзадҳо барои интихоботи
раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро намешосанд ва бо барномаҳои онҳо ошно нестанд.

Аммо ин афрод орзу доранд, ки пирӯзи эҳтимолии интихобот ба вазъи зиндагии иҷтимоъии беморони сил беҳбуд бахшад.

Ҷамолиддин Қурбонов, як ҷавони 31-сола, ки дар бемористон бистарӣ аст, мехоҳад бо барномаҳои интихоботии ҳамаи номзадҳо аз тариқи телевизиюн ошно шавад ва бибинад, ки онҳо чи ваъдаҳое ба раъйдиҳандагон хоҳанд дод.

Интизорот ё орзуи беморон аз интихобот

Оқои Қурбонов мегӯяд, ки то ҳол ӯ номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро намешиносад ва аз ин рӯ, дар рӯзи раъйдиҳӣ интихоби афроди ношинос барои вай мушкил хоҳад буд.

Ӯ афзуд: «Се моҳ аст, ки дар бемористон бистарӣ ҳастам, ба кӣ раъй диҳам, намедонам. Ҳатто намедонам, ки кадоме аз номзадҳо ба раъйдиҳандагони худ чи ваъдаҳое додааст ва дар сурати раҳбар интихоб шуданаш чӣ коре анҷом медиҳад.»

Шаҳло Абдуллоева низ муддатест, ки дар бемористон бистарист. Ӯ низ мегӯяд, ки ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки ба ҷонибдорӣ аз кадом номзад раъй бидиҳад.

Дар бемористони силли вилояти Хатлон беморон ба нашрияҳо дастрасӣ надоштаанд.

Аксари беморони бистарӣ дар ин муассисаи беҳдоштӣ мегӯянд, ки раҳбари ояндаи Тоҷикистон бояд барои мардум зиндагии шоистаеро фароҳам кунад.

Онҳое, ки бо Би-би-сӣ суҳбат карданд, мегуфтанд, ки интизор доранд раиси ҷумҳурии оянда ҳуқуқи моҳонаи кормандони арсаҳои иҷтимоъиро афзоиш бидиҳад.

Иддае аз онҳо хостори онанд, ки раҳбари оянда корхонаҳои санъатӣ, бавижа дар минтақаҳои дурафтодаро, фаъъол кунад ва мизони тавлидоти дохилиро, ки ба коҳиши қимати маводди ғизоӣ ва колоҳо дар бозор мусоъидат мекунад, афзоиш диҳад.

Саъодат Барфакова духтаре 23-сола аз ноҳияи Вахш аст, ки як сол боз ҳамроҳ бо пизишкон бо бемории сил мубориза мекунад.

Вай мегӯяд: «Номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бояд мубориза бо бемории силро дар меҳвари барномаҳои интихоботи худ қарор диҳанд. Ин бемории мо бемории иҷтимоъӣ аст ва ба чигунагии сатҳи зиндагии мо бастагӣ дорад. Агар дар дастархони мо хӯроки (маводди ғизоии) хуб бошад ва дар зимистон хонаҳоямон гарм бошанд, он гоҳ касе ба бемории сил гирифтор намешавад.»

Камбизоъатӣ ва бемории сил

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, бештари мубталоён ба бемории сил аз ҷумлаи сокинони ноҳияи Восеъ, дар ҷануби Тоҷикистон, ҳастанд. Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки дар бархе аз рустоҳои ин ноҳия беш аз 50 дарсади сокинон гирифтори бемории сил ҳастанд.

Давлатмоҳ Салимова, зане 50-сола аз ноҳияи Восеъ, дар суҳбате телефунӣ гуфт, чаҳор сол аст, ки вай ва шавҳараш ба ин беморӣ мубтало ҳастанд. Вале шароити молии хонавода ба онҳо имкон намедиҳад, ки ғизои муқаввӣ харидорӣ ва масраф кунанд.

Хонуми Салимова мегӯяд: «Пизишкон ба мо мегӯянд, ки дар баробари хӯрдани доруҳои зидди бемории сил хӯроки қавӣ хӯрем, вале мо имкони харидории гӯшту маска ва дигар хӯроки серғизоро надорем. Зиндагии мо дар деҳот бо каду ва нон мегузарад ва гоҳо макарон мехарем. Мехоҳем ҳамин одамоне, ки президент шуданӣ ҳастанд, нафақаи моро зиёд кунанд, зиндагии мардуми деҳа хубтар шавад.»

Аз сӯйи дигар, пизишкони бемористони сил дар вилояти Хатлон ба он ишора мекунанд, ки афроди мубтало ба ин беморӣ ба масрафи ғизои муқаввӣ ниёзи мубраме доранд.

Аммо бархе аз ин пизишкон бо ишора ба таҷрубаи худ дар ҷараёни тадовии беморон мегӯянд, ки камбизоъатӣ ба бисёре аз беморон имкони мудовои комили ин бемориро намедиҳад ва мунҷар ба маргу мири онҳо мешавад.

Файзиддин Сафаров, як пизишки бемористони сил дар шаҳри Қурғонтеппа, мегӯяд, ки яке аз сабабҳои зиёд шудани шумори беморони сил дар ҷануби Тоҷикистон ваъзи бади иҷтимоъии мардуми рустоҳои дурдасти ин вилоят аст.

Як пизишкони собиқадор ҳам, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ки бештари гирифторони бемории сил дар ин вилоят аз хонаводаҳои камбизоъат ҳастанд. Вай афзуд, ки дар тӯли фаъъолияташ надидааст, ки дар миёни беморони сил фарде аз хонаводаҳои мансабдор ва сарватманд бошад.

Мушкили раъйдиҳии беморон

Ҳарчанд беморони бистарӣ дар бемористони силли вилоят аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ интизор доранд, ки ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунанд, вале ба назар мерасад, ки худи онҳо дар рӯзи интихобот наметавонанд ба пойи сандуқҳои раъй бираванд.

Эмомалӣ Фозилов, ҷавоне 19-сола дар вилояти Хатлон, то кунун боре ҳам ба пойи сандуқи раъй нарафтааст. Вай мегӯяд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи оянда низ ширкат нахоҳад кард. Ин ҷавон тайи чаҳор моҳи ахир дар бемористони силли шаҳри Қурғонтеппа бистарист ва алайҳи ин беморӣ мубориза мекунад.

Пизишкон мегӯянд ҳар беморе, ки таҳти муроқибати онҳо қарор дорад, ҳомили боктерии сил аст ва аз ин рӯ, ҳузури онҳо дар амокини умумӣ, аз ҷумла дар марокизи раъйгирӣ дар рӯзи интихобот, ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти он ба афроди сиҳат маҳдуд мешавад.

Аммо бо вуҷуди беморӣ, оқои Фозилов мегӯяд, ки нисбат ба вазъи сиёсии кишвар бетараф нест. Вай мехоҳад, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад ва барои яке аз номзадҳо раъй бидиҳад.

Вай дар ин бора мегӯяд: «Мехоҳам дар интихобот ба тарафдорӣ аз номзади арзандаи раёсати ҷумҳурӣ раъй диҳам, вале метарсам, ки бемориям бо роҳи нафас ва ҳаво ба дигарон сироят накунад. Аз ин рӯ, наметавонам ба маркази раъйгирӣ равам.»

Ҳоло дар бемористони сил, ки Эмомалӣ он ҷо бистарист, шаш нафари дигар аз беморон мудово мешаванд. Онҳо низ ҳозир нестанд, ки дар рӯзи раъйдиҳӣ ба пойи сандуқҳои раъй бираванд.

Лутфия Ноибова, як пизишки ин бемористон, мегӯяд: «Дар ҳоле ки мо пизишкон иҷоза намедиҳем, ки беморон ҳатто бо наздиконашон мулоқот кунанд, пас чи тавр инҳо ба марокизи раъйдиҳӣ мераванд?»

Аммо Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ), мегӯяд дар бемористоне, ки беш аз 20 нафар дар он бистарӣ ҳстанд, бояд маркази раъйгирӣ таъсис шавад.

Оқои Додоев мегӯяд: «Мувофиқи қонуни интихобот, дар бемористоне, ки беморонаш аз 20 нафар кам мебошад, марказҳои раъйгирӣ ташкил карда намешавад ва беморон раъйи худро бояд дар сандуқҳои сайёр бирезанд.»

Суҳроб Камолов, раиси бемористони силли вилояти Хатлон, мегӯяд, ки дар шаҳру навоҳии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 2200 нафар аз мубталоён ба бемории сил сабт шудаанд.

Бахши тандурустиии вилояти Хатлон дар мавриди ҳузури беморони сил дар марокизи раъйгирӣ хабаре надод, аммо гуфт, ки дар ин вилоят 22 бемористон барои мудовои бемории сил фаъъолият дорад, ки дар он ҷойҳо беморони сил бистарӣ ҳастанд.

Ҳамаи ин беморон умедворанд, ки дар рӯзи раъйдиҳӣ ба пойи сандуқҳои раъй бираванд ва ба ҷонибдорӣ аз номзади мавриди назари худ раъй бидиҳанд.

Тавре ки худи онҳо мегӯянд, мушкилоти иҷтимоъӣ ва камбизоъативу нодорӣ буд, ки онҳоро ба бистари беморӣ расонд. Ва ин афрод бештар аз дигарон ба таҳаввулоти иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон ниёз доранд.

Гузориш аз Би-би-сӣ

 

Рубрика: Uncategorized | Оставить комментарий

Хатлон: Занони ноновар ба мардон ниёз надоранд


Орзуи Карим, хабарнигори маҳаллӣ BBC

131015111307_tj_mehrinisso304Меҳринисо Эшматова, модари чаҳор фарзанд аз ноҳияи Шарҳритус, дар ҷануби Тоҷикистон, чандин сол боз батанҳоӣ рӯзгори хонаводаашро таъмин мекунад.

Камбуди машоғили доимӣ барои мардон дар ноҳияи Шаҳритус шавҳари Меҳринисоро водор карда, ки ҳамсар ва фарзандонашро танҳо гузорад ва барои дарёфти кор ба Русия муҳоҷират кунад.

Мушкилоти иқтисодӣ тайи ду даҳаи ахир садҳо нафар аз мардонро дар вилояти Хатлон водор сохта, ки барои ҷустуҷӯйи кор ба хориҷ аз Тоҷикистон раванд. Иддае низ дар ин солҳо аз хонаводаҳои худ дур шуда ва ҳатто комилан зан ва фарзандони худро ба буттаи фаромӯшӣ супурдаанд.

Бо хонуми Эшматова дар яке аз ҳамоишҳои созмони ғайридавлатии «Чашма» дар ноҳияи Шаҳритус шинос шудам. Ҳангоме, ки барои мусоҳиба ба манзилаш рафтам, ӯ машғули пухтани нон буд.

«Аз интизорӣ хаста шудем»

Меҳринисо мегӯяд, ки пеш бурдани зиндагии хонавода барои зане, ки таҳсил накарда, мушкил будааст. Ӯ афзуд, ки дар беш аз шаш соли муҳоҷират, шавҳараш ба ӯ пул нафиристода ва танҳо чанде қабл онҳо аз ӯ маблағеро дарёфт кардаанд.

Вай гуфт: «Ман мушкилоти зиёдеро паси сар кардам. Пул набуд, фарзандонам аз гуруснагӣ шикоят мекарданд, ғамгин мешудам ва намедонистам аз куҷо барояшон хӯрок пайдо кунам. Қарз гирифта, орд мехаридаму нон мепухтам ва нонҳоро ба бозор мебурдаму зиндагиямро пеш мебурдам. Ҳоло зиндагиям бад нест. Дигар муҳтоҷи пули шавҳарам нестам.»

Мисли Меҳринисо ҳазорҳо зан дар вилояти Хатлон шавҳарони нононвари худро ба муҳоҷират фиристодаанд. Аммо ӯ мунтазири пули шавҳар нашуда ва ба тиҷорат оғоз кардааст.

Вале Гулхумор, зане 30-сола аз ноҳияи Бохтар, бо се фарзандаш дар интизори пули шавҳараш аст. Як сол боз ҳамсараш бо ӯ дар тамос нест ва барои таъмини рӯзгори хонаводааш пул намефиристад.

Гулхумор мегӯяд: «Шавҳарам ваъда дод, ки ба муҳоҷират рафта, бароямон пул мефиристад, вале аз ӯ хабаре нест. Ба ман ҳамсояҳо, падар ва бародаронам кумак мекунанд. Аммо ман худам наметавонам кор кунам, чун мактаб нахондаам ва дониш надорам.»

Гулхумор аз интизорӣ ва нодорӣ хаста шудааст. Вай орзу дорад, ки худ ноновари хона шавад, ҳарчанд барои расидан ба ин орзу сармояе дар даст надорад. Ӯ аз гирифтани вом аз бонк низ бим дорад.

«Дигар ба мардон ниёз нест»

Коршиносон мегӯянд, ки дар ҷомеъаи мардсолор ва суннатии Тоҷикистон бисёре аз духтарон аз идомаи таҳсил дар донишгоҳҳо иҷборан дар канор мемонанд ва дар ниҳоят хонашин мешаванд.

Чунин занон ва духтарон маъмулан дастнигари шавҳарон ва ё бародарону падарони худ шуда ва дар сурати танҳо монданашон наметавонанд батанҳоӣ рӯзгори хешро бичархонанд.

Ин ва чанде дигар аз мушкилоти иҷтимоъии занон ва духтарон ахиран дар як мизи гирд дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон баррасӣ шуд.

Дар ин ҳамоиш беш аз 70 зан гирдиҳам омада ва мавзӯъи бекории занони хонашин ва имкони пайдо кардани машоғил барои онҳоро матраҳ карданд.131015111313_tj_shahrtuswomen304

Санавбар Эмомназарова, масъули созмони ғайридавлатии «Чашма» дар ноҳияи Шаҳритус, яке аз мубтакирони ин мизи гирд буд. Вай мегӯяд, ки дар вилоят шумори заёде аз занону духтарони бекор сабт шудааст.

Хонум Эмомназарова мегӯяд: «Ин мушкил дар ноҳияи Шаҳритус низ дида мешавад. Мо занҳои бекорро ба мулоқотҳои худ ҷалб карда ва ба онҳо қарзҳои бебаҳра медиҳем ва онҳо тиҷорат мекунанд.»

«Маслан занони қолибоф ришта харида, қолибофӣ мекунанд ва дар бозор маҳсулоти худро мефурӯшанд. Ба занҳое, ки ҷойи кор надоранд, хайётӣ (дӯзандагӣ) ва ошпазиро меомӯзонем ва ба онҳо пул медиҳему онҳоро ба тиҷрорати хурд ҷалб мекунем.»

Хонуми Имомназарова афзуд, бисёре аз занҳое, ки созмони «Чашма» ба онҳо кумак карда, дар фаъъолиятҳои тиҷории худ муваффақ шуда ва шуғли хешро ба духтарони ҷавон ҳам меомӯзонанд.

Махфират Саидраҳмонова, як сокини дигари ноҳияи Шаҳритус, раҳбари як гурӯҳ аз занони кишоварз аст. Вай мегӯяд, ки шаш зани дигарро ҳам ба шуғли кишоварзӣ ҷалб кардааст.

Хонуми Саидраҳмонова мегӯяд: «Занони гурӯҳи мо бештар заноне ҳастанд, ки аз шавҳарони худ ҷудо зиндагӣ мекунанд ва ба пул ниёз доранд. Ҳама якҷоя ба фурӯши меваю сабзиҷот машғул ҳастем ва зиндагиямонро пеш мебарем. Ин занҳо дигар набудани мардҳоро дар хонаводаашон эҳсос намекунанд ва худашон пул меёбанд.»

«Даромад хушунатро кам мекунад»

Масъулони созмони «Чашма» мегӯянд, ки барои ҳудуди 130 нафар аз занон баъд аз давраҳои омӯзишӣ машоғили мухталиферо таъмин кардаанд. Ва ин занҳо тавонистаанд шеваи зиндагии худро иваз кунанду вазъи молии хонаводаҳояшонро беҳбуд бахшанд.

Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон тайи чанд соли ахир мавориди даст задани занон ва духтарон ба худкушӣ коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин, тавре ки масъулони созмони «Чашма» мегӯянд, аксари заноне, ки аз фаъъолияташон даромаде ба даст меоранд, бо мушкили хушунат дар хонаводаҳо низ рӯбарӯ намешаванд.

Ин созмон, ки кумак ба занону духтарони бекор дар ин вилоятро рисолати худ медонад, аз сӯйи як маркази имдодрасонии лаҳистонӣ таъмини молӣ мешавад.

Мангалена Кувалчик, намояндаи ин марказ гуфт: «Набуди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, куҳнаву фарсуда будани бунгоҳҳои тиббӣ дар бисёре аз рустоҳо нигаронкунанда аст. Бекориву фақр дар миёни занон бештар ба назар мерасад.»

«Дар ноҳияи Шаҳритус мо барои омӯзиши тиҷорат ба занони бекор кумак мекардем ва умедворем, ки дар оянда низ ҳамкорӣ кунем ва сатҳи бекории занонро коҳиш диҳем. Коре кунем, ки шумори бештари занону духтарон таъмини рӯзгорашонро худашон ба уҳда бигиранд.»

Гузоришҳои созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳокист, ки шумори зиёде аз занони бекор аз фақр ва хушунат дар хона шикоят мекунанд. Аммо аъзои хонаводаҳои онҳо намегузоранд, ки занон машоғилеро биёмӯзанд ва фаъъолият кунанд.131015111305_tj_mangalena304

Аз ин рӯ, бисёре аз хонаводаҳо дар вилояти Хатлон то ҳол дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд ва бештари онҳо дар интизори пуле ҳастанд, ки шавҳарону пайвандони муҳоҷирашон мефиристанд.

Аммо масъулони кумитаи кор бо занони ҳукумати вилояти Хатлон мегӯянд, ки мавориди хушунат дар хонаводаҳои ин вилоят камтар дида намешавад. Онҳо аз ироаи омори дақиқе дар бораи занон ва духтарони бекор дар ин вилоят низ худдорӣ мекунанд.

Рубрика: Uncategorized | Оставить комментарий

Ташхиси ҷасаде дар Узбакистон бо дархости пайвандони Шамсиддинови нопадидшуда


Гузориши Би би сӣ 130918114008_tj_shamsiddinov304Бахши вазорати кишвари Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар дод, ки пизишкони Узбакистон машғули ташхиси ҷасади номаълуме ҳастанд, ки дар қаламрави Узбакистон пайдо шудааст.

Салим Шамсиддинов                                   Ташхиси шахсият ё «ДНК»-и пизишкон дар он кишвар бо дархости пайвандони Салим Шамсиддинов, раиси нопадидшудаи ҷаъмияти узбактаборҳои вилояти Хатлон анҷом мегирад. Масъулини бахши вазорати кишвар гуфтанд Садриддин Шамсиддинов, бародари Салим Шамсиддинов, чанде қабл барои мушаххас кардани ҳуввияти ин ҷасад ба Узбакистон рафта буд. Ба гуфтаи онҳо пизишкони қонунии Узбакистон барои анҷом додани ташхис аз ҷасади пайдошуда ва пайкари Садриддин Шамсиддинов, бародари Салим Шамсиддинов мавводҳои лозимаро гирифтаанд ва ин ташхисро анҷом медиҳанд. Бино ба итиллоъи бахши вазорати умури дохила, интизор меравад, ки рӯзҳои наздик аз Узбакистон барояшон дар мариди ҳуввияти ҷасади пайдошуда хабар диҳанд. Ҷамшед Нозимов, як масъули ин ниҳод аз қавли бародари Салим Шамсиддинов ба Би-би-сӣ гуфт, ки оқои Шамсиддинов ба ин бовар аст, ки ҷасади пайдошуда бародари нопадидшудааш будааст.

130918112420_tj_jamshednazimov304Оқои Нозимов мегӯяд: «Бо бародари вай баъди бозгашташ аз Узбакистон суҳбат кардам ва ӯ гуфт акси ҷасад ва либосҳое, ки ӯ дар тан доштааст ба Салим монанд будааст. Вале ҷониби Узбакистон бе ташхиси шахсият ё «ДНК» ин ҷасадро ба онҳо надодааст.

Ҷамшед Нозимов                                          Ин ҷасадро дар Узбакистон гурондаанд ва онҳо дар мазор дуъо карда ба Тоҷикистон омаданд ва интизори ташхис ҳастанд.» Аз сӯи дигар оқои Нозимов гуфт, ки ин ҷасад дар назди як қисми низомии Узбакистон пайдо шуда ва осори лату кӯб дар ин ҷасад мушоҳида нашудааст. Вай афзуд: «Аз ҷониби Узбакистон гуфтаанд, ки ҷасад аз марзи Узбакситон бо Афғонистон пайдо шудааст, ки баъди ташхиси тиббӣ мушахасс шудааст, ки ин мард ҳудуди 15 рӯз хӯрок нахӯрда аз гуруснагӣ фавтидааст.» Дар мавриди пайдо шудани ҷасад аз Узбакистон, ки гуфта шуда буд ба Салим Шамсиддинов, раиси ҷаъмияти узбакҳои вилояти Хатлон шабоҳат дорад, 18 июли соли ҷорӣ гузориш шуда буд. Аммо пайвандони Салим Шамсиддинов барои дидани ин ҷасад замоне ба Узбакистон рафтаанд, ки масъулон дар он сӯйи марз ин ҷасадро аз сардхона берун карда ба қабристон бурдаанд. Хайриниссо Ярова, хоҳари оқои Шамсиддинов дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки сабаби дер рафтани онҳо ба Узбакистон набуди маблағ барои ҳазинаи сафар будааст. Хонуми Ярова афзуд, агар ин ҷасад бародари ӯ бошад, онҳо маҷбуранд барои интиқоли ӯ аз он кишвар аз бахши вазорати кишвари Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дархости кумаки молӣ кунанд. Салим Шамсиддинов субҳи зуди яке аз рӯзҳои моҳи марти соли ҷорӣ аз пеши хонааш нопадид шудааст. Масъулони бахши вазорати умури дохила дар ҷануби Тоҷикистон аз моҳи марти соли ҷорӣ машғули ҷустуҷӯйи оқои Шамсиддинов будаанд.

130430120202_tj_salimshavsiddinov304Дар гузашта Салим Шамсиддинов як бор мавриди лату кӯби афроде қарор гирифт ва баъди як ҳафта ошхонае, ки маҳалли кории ӯ буд дар натиҷаи оташсӯзӣ қисман хароб шуд. Он замон масъулони бахши вазорати кишвар дар вилояти Хатлон омилони лату кӯби Салим Шамсиддиновро пайдо накарда буданд. Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳои худ аз нақзи ҳуқуқи узбактаборон дар Тоҷикистон интиқод карда буд. Пайвандони Салим Шамсиддинов мегӯянд, ки Салим ҳудуди 20 сол дар бахши вазорати кишвар дар Хатлон кор карда сипас аз ожонсии мубориза бар фасод ба бознишастаги рафтааст. Хонуми Салим Шамсиддинов гуфт, ки се рӯзи қабл аз нопадид шудани ӯ раиси ҷаъмияти Узбакҳои Тоҷикистон Муҳаррама Мирзоалиева ва бо ду марди ношинос, ки оқои Салим онҳоро нашинохтааст пушти дари опортумон омада даъво кардаанд. Аммо хонуми Мирзоалиева гуфт, ки ман ба назди опортумони оқои Салим нарафтаам ва бо ӯ муносибати даде надоштам.

 

 

Рубрика: Uncategorized | Оставить комментарий

Эҳтимоли аз миён рафтани сабки мусиқии «Мандоғ» дар Хатлон BBC


Фарҳангшиносони вилояти Хатлон ҳушдор додаанд, ки «мандоғ», сабки овозхонии мардумии вижаи ин минтақа дар остонаи нобудшавӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад ин сабки овозхонӣ, ки хоси мардуми кӯҳистон будааст, ҳудуди 50 сол қабл дар ҷануби кишвар маҳбубияти ҳамсон бо сабки овозхонии «фалак»-ро дошт, аммо ба далоили мухталиф акнун аз ёдҳо фаромӯш мешавад.

Маҳмадалӣ Аюбӣ, «ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон, мегӯяд, ки «ҷойгоҳи «мандоғ» дар ин вилоят баробар бо сабки «Фалак» буд ва мардум «мандоғ» мехонданд».

Маълум нест, ки таърихи «Мандоғ» ба кадом давра бар мегардад, вале фулклуршиносон мегӯянд, ки ҳадди ақад дар даҳаи 1970 ин мусиқӣ дар манотиқи кишоварзии Тоҷикистон роиҷ буд.

Аммо ҳоло фарҳангшиносони маҳаллӣ аз ин ибрози нигаронӣ мекунанд, ки ин сабк акнун камтар ба гӯш мерасад ва имкон дорад комиилан аз байн биравад.

Дилшод Рахимов, фурлклуршинос мегӯяд, ки ин амре табиъист. Ӯ мегӯяд бо гузашти вақт ва асри фановарии муъосир бисёре аз сабкҳои қадимӣ аз миён мераванд.

Ӯ мегӯяд: «Мандоғро мардуми кишоварз дар мазореъ дар вақти ҷаъмоварии ғаладонагӣ иҷро мекарданд. Аммо ҳоло бисёре аз ойинҳо аз миён мераванд, бахусус сабки «Мандоғ». Масалан, мандоғро оҳангарҳо, чӯбтарошҳо ё гивкашҳо намехонданд, танҳо моли кишоварзон буд. Аммо чун «Фалак», домани васеъ дошт ва мазмуну мӯҳтавои умумӣ дошт, то ба имрӯз зинда мондааст ва шунавандаю хонандаи худро дорад.»

«Мандоғ», бештар сурудҳои ғамангезро дар бар мегирад ва унвони ин сабки овозхонӣ, ки аз ду калимаи «ман» ва «доғ» иборат аст, аз ин дарак медиҳад. Кишоварзон ин сурудҳоро дар замони навмедӣ ё хушксолӣ месуруданд.

Мардум бо хондани «Мандоғ» ба худо шикоят мекардаанд ва аз ӯ талаби ҳосили фаровон мекардаанд.

Дунё ба мисли кӯзаи зарринае, ман доғам ман доғ,

Ман доғам ё Оллоҳ ман доғаме ман доғ.

Эй Оллоҳ ман доғам ман доғам ман доғ…

Аммо дар миёни сурудаҳои сабки «мандоғ» мазмунҳои шод низ мушоҳида мешавад, ки масалан барои баровардани хастагии кишоварзон иҷро мешудаанд.

Шайхмуҳаммади Сайид ва Гулаҳмад Раҳимов, ду солманд аз рустои Сангобаи ноҳияи Балҷувон аз нафароне ҳастанд, ки мусиқии «Мандоғ»-ро то ба имрӯз зинда нигоҳ доштаанд.

Оқои Раҳимов мегӯяд, мандоғро танҳо мардҳо иҷро мекунанд ва ин жонри овозхонӣ дуовзӣ иҷро мешавад.

Ӯ афзуд: «Мо ду нафар дар қишлоқи Сангоба мандоғ мехонему ба мо гӯш мекунанд, вале дигар касе нест, ки моро ҳамовозӣ кунад. Мо хонданро аз падару падарбузургонамон омӯхта, то имрӯз омадем. Вале ҷавонон хондани «Мандоғ»-ро дӯст намедоранд. Фикр мекунам, «Мандоғ» бо мо мемирад ва пас аз мо касе дигар «Мандоғ» намесарояд.»

Маҳмадалӣ Аюбӣ, фалаксаро бо таассуф мегӯяд, барои нагоҳ доштани ин сабки мусиқии мардумӣ имрӯз тадбире дида намешавад. Ӯ мегӯяд: «Дар мавзӯъи «Мандоғ» касе кори илмӣ анҷом надодааст, барои нигоҳдории ин сабки мусиқӣ, ки осори фарҳангии мост, талоше анҷом нашудааст.»

Ӯ таъкид мекунад, ки мақомот бояд барои аз байн нарафтани ин осори фарҳангӣ аз он ба мисли «Фалак» ва «Шашмақом» пуштибонӣ кунанд.

«Мандоғ» усулан ба сабки овозхонии «фалак» шабоҳат дорад, аммо фарҳангшиносон мегӯянд, ин ду сабк аз ҳам тафовути зиёде доштааст.

Ҳасани Муродиён, пруфесури Донишгоҳи Қурғонтеппа мегӯяд: «Одатан «Фалакро» як нафар иҷро мекунад, аммо «Мандоғ»-ро гурӯҳи одамон иҷро мекунанд. Иҷро кардани «Фалак» дигар аст, аз пардаи баланд мехонанд онро. «Мандоғ»-ро бештар одамони миёнаҳол, дар вақти кор дар мазореъ иҷро мекардаанд. Ин сурудро як нафар оғоз мекунад ва нафарони дигаре ҳамовозӣ мекунанду дубайтиҳои мардумиро низ дар миён изофа мекунанд.»

Ба гуфтаи Равшан Раҳмонӣ, фоклоршиноси тоҷик «Мандоғ» натанҳо дар вилояти Хатлон, балки дар вилояти Суғду Бадахшон низ дар миёни кишоварзон бо тарзи гуногун хонда мешуд.

Фарҳангшиносони хатлонӣ мегӯянд бо дарназардошти дар маърази нобудӣ қарор доштани ин сабки мусиқӣ фарҳангшиносон бояд ҳаддиақал пажӯҳишҳое дар бораи ин осори фарҳангӣ анҷом бидиҳанд.

Рубрика: Uncategorized | Оставить комментарий

Барномаи вижа барои коҳиши иртикоби ҷароим аз сӯйи занон дар Хатлон


ОфоқПулиси вилояти Хатлон эълом карда, ки аз аввали соли ҷорӣ то ҳоло дар ин вилоят 932 ҷиноят сабт шудааст, ки дар муқоиса ба даврони мушобеҳи соли 2012 даҳ дарсад бештар аст.

Сухангӯйи бахши вазорати кишвар дар Хатлон Офоқи Қодириён ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз ин омор 130 ҷурм аз сӯи занону духтарон содир шудааст. Бархе аз ин занон ва духтарон ҳанӯз дар боздоштгоҳи муввақат ба сар бурда ва иддае маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ба гуфтаи пулис ҷиноёте, ки занон ва духтарон дар Хатлон ба он даст мезананд, сирқат ва эҷоди мавонеъ ба таҳсили ҳатмии фарзандони ноболиғ будааст.

Ҳарчанд занону духтарон муртакиби фақат даҳ дарсади ҷиноёт аз кулли мавориди ҷиноёти содиршуда дар Хатлон шудаанд, пулиси вилоят ин вазъро нигаронкунанда хонда ва барои пешгирӣ аз ҷароим дар миёни занону духтарон дар ин вилоят барномаи вижаеро бо номи “Тартибот” рӯи даст гирифтааст.

Офоқи Қодириён, сухангӯи бахши вазорати кишвари вилояти Хатлон мегӯяд, дар чорчуби ин барнома нозирони пулис бо занону духтарони маҳаллӣ дар мавриди ҷароим ва авоқиби он сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд. Ин нахустин тарҳи пулис бо чунин муҳтаво барои занону духтарон будааст.

Ҷароим занон ва духтарон аз сӯйи кормандони интизомӣ бештар дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб ва навоҳии Вахш, Ёвон, Қубодиён ва Фархор сабт шудааст.

Сайфура, як сокини вилояти Хатлон аст, ки барои дуздӣ муддате дар зиндон ба сар бурда ва бо татбиқи қонуни авф нисбати ӯ дар канори бисёре аз занон озод шуд.

Ӯ мегӯяд «гумроҳ» шуда ва даст ба сирқати моли мардум дароз кардааст. Ӯ мегӯяд: “Агар ман шароити хубе барои гузарони зиндагӣ медоштам, метавонистам шиками бачаҳоямро сер кунам, ҳеҷ гоҳ ба ин ҷиноят даст намезадам. Ҳоло дар барномаи пулис ба занон мефаҳмонанд, ки бо вуҷуди мушкилот беҳтар аст, ки бо роҳи дуруст зиндагӣ бикунем. Ин кори хуб аст.”

Масъулони пулиси вилояти Хатлон дар соли 2012, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши мавориди иртикоби ҷароим аз сӯйи занон ба пахши филме бо номи “Гумроҳ” барои занону духтарони ҷавон дар ин вилоят оғоз карданд, ки дар он аз вазъи риққатбори занони зиндонӣ ва сарнавишти талхи занони муртакиби ҷурм ҳикоят мешуд.

Дар ҳоле, ки пулис аз мавориди зиёди иртикоби ҷароими аз сӯйи занон ва духтарон дар вилояти Хатлон ибрози нигаронӣ мекунанд, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки шумори зиёди занон ва духтарон дар ин вилоят дар мазореъи кишоварзӣ машғули кори сангин, аз ҷумла кишт ва ҷамъоварии панба ҳастанд.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки яке аз сабаби даст доштани занону духтарон ба ҷиноят, бекорӣ, фақр ва дониши нокофии ҳуқуқии занон аст.

Аксари занон дар ин вилоят ба далели муҳоҷирати мардони хонавода ба Русия ба танҳоӣ заҳмати тарбияи кудакон ва таъмини рӯзгори хонаводаро мекашанд.

Рубрика: Uncategorized | Оставить комментарий

Нигаронии мақомоти беҳдоштӣ аз камхунии занон дар Хатлон


Мақомоти беҳдоштии вилояти Хатлон эълом карданд, ки беш аз 60 дарсади занони ин вилоят, ки тавони таваллуд карданро доранд, аз камхунӣ ранҷ мебаранд.130501112533_tj_mother_anemia_304

Дар ин бора мақомоти бахши вазорати беҳдошт дар вилояти Хатлон дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ хабар доданд.

Нигина Убайдуллоева, раиси маркази беҳдошти модару кӯдак дар вилояти Хатлон гуфт, ки камхунӣ ба суйитағзия рабт гирифта ва бештар бемории иҷтимоъӣ мебошад.

Вай афзуд: “Бештари заноне, ки камхунӣ доранд аз хонаводаҳои фақир ҳастанд ва ғизои муқаввӣ масраф намекунанд. Онҳо бояд дар хӯрокашон гӯшту меваю сабзиҷот бошанд, аммо имкони харидории ин ҳамаро надоранд.”

Дар натиҷаи бемории камхунӣ инсон бемадор шуда ва системи эмании бадан заъиф мешавад, дар натиҷа эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ болотар мешавад.

Камхунӣ бештар дар миёни занони ҳомила мушоҳида мешавад ва ин беморӣ дар бархе маворид ҷони занони ҳомиларо дар вақти зоймон дар хатар мегузорад.

Фарзонаи Холзода, як сокини вилояти Хатлон, ки ахиран таваллуд кардааст дар бораи таҷрубаи талхи худ ҳикоят мекунад: «Ман дар хонаводае зиндагӣ мекунам, ки дар он ғизои хеле хуб надорем, Духтурон мегӯянд, барои ҳамин камхунӣ доштам.»

«Камхунӣ дар вақти зоймон маро бо хатари марг рӯ ба рӯ кард. Дар вақти ҳомиладорӣ ҳаракат тақрибан надоштам, сарам ҳамеша чарх мезаду ва вақти таваллуди бачаам тарс доштам, ки зинда намемонам.»

Ҷурабеки Абдухолиқ, мудири бахши зоймон дар бемористони марказии ноҳияи Ёвон гуфт, ки пажуҳиши ахири онҳо дар миёни заноне, ки тавони таваллуди фарзандро доранд, нишон дода, ки 64 дарсади онҳо камхунӣ доранд.

Оқои Абдухолиқ гуфт: “Ин таҳқиқоти мо нишон дод, ки бештари занони мо бемории камхунӣ доранд. Баъди анҷом додани таҳқиқот бо ин занон вохӯриҳо гузаронида ба онҳо фаҳмондем, ки бояд меваю сабзаҷоти бештар истеъмол кунанд. Аммо бояд гуфт, ки бештари заноне, ки камхунӣ доранд аз хонаводаҳои камбизоъат ҳастанд.”

Нигина Убайдуллоева мегӯяд, ки тибқи иттилоъи расмӣ дар се моҳи соли ҷорӣ ҳафт зан дар Хатлон ба ҳангоми зоймон ҷони худро аз даст додааст. Аксари ин занон бемории камхунӣ доштанд.

Ба гуфти хонуми Убайдуллоева камхуни дар баробари фавти сироятёбии занон ба бемориҳои мухталиф фавти модару кӯдак дар вақти зоимон дар назар аст.

Аз сӯйи дигар муттахасисон аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки дар сурати бемор шудан ва ё доштани бемории камхунӣ занон ба пизишкон муроҷиъат намекунанд ва табобати онҳо дар марҳилаи охирини бемориҳо душвортар мешавад.

 BBC
Цитата | Posted on by | Оставить комментарий

Мирзоалиева: “Ман ба қазияи нопадид шудани Шамсиддинов иртибот надорам”


Раиси ҷамъияти узбакони Тоҷикистон ба пулис гуфтааст, ки ҳеҷ иртиботе ба ҳодисаи нопадид шудани Салим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбакони вилояти Хатлон надоштааст.130430120155_tj_muharmirzaalieva304

Муҳаррама Мирзоалиева, раиси ҷамъияти узбакони Тоҷикистон инро дар ҷараёни бозсупрсӣ аз сӯйи пулиси ин вилоят, ки дар чорчуби таҳқиқоти парвандаи нопадид шудани Салим Шамсиддинов анҷом гирифт, гуфтааст.

Масъулони бахши вазорати корҳои дохилии ин вилоят, ӯро ахиран дар робита ба нопадид шудани Салим Шамсиддинов ба ин ниҳод даъват карда ва мавриди бозпурсӣ қарор доданд.

Пештар гузориш шуда буд, ки ҳамсар ва пайвандони оқои Шамсиддинов, ки 15-уми март аз хонааш баромада дигар барнагаштааст, дар аризаи шикоятии худ ба пулиси вилоят хонум Мирзоалиеваро дар нопадид шудани Салим Шамсиддинов муттаҳам кардаанд.

Аммо Муҳаррама Мирзоалиева дар ҷараёни бозпурсии пулис иттиҳомоти ин хонавода алайҳи худро бепоя хонд.

Хонум Мирзоалиева ба Би-би-сӣ гуфт: “Салим корманди ман дар Хатлон буд ва мо бо ӯ муносибати хуби корӣ доштем. Аммо дар соли гузашта мусоҳибааш дар ҳафтаномаи “Миллат”, ки дар он вай аз номи ҷаъмияти мо сӯҳбат мекард, боъиси нигаронии аъзои ҷамъияти мо шуд.»

Хонуми Мирзоалиева афзуд: «Зеро Шамсиддинов аз муносибати сиёсии Тоҷикистону Узбакистон бештар ҳарф мезад ва ҳаққи сӯҳбат аз номи тамоми аъзои ҷамъиятро надошт. Он замон мо якҷоя ба ҳафтаномаи “Миллат” посух навиштем, ки Салим набояд аз номи мо ҳарф мезад. Дар мавриди ин ки маро дар нопадид шудани Салим гумонбар медонад, ман дар номаам ба мақомоти қудратии Тоҷикистон инро гуфтам, ки ман ҳеҷ муносибате ба ин қазия надорам.”130430120202_tj_salimshavsiddinov304

Пештар ҳамсари Салим Шамсиддинов дар яке аз мусоҳибаҳои худ бо Би-би-сӣ гуфта буд: “Се рӯз қабл аз ғайб задани Салим, раиси ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистон бо номи Муҳаррама субҳ назди дари манзил омада ва бо Салим даъво кард, аммо ба хона надаромад.”

Салим Шамсиддинов субҳи рӯзи 15 март аз хона баромада ва ҳудуди панҷоҳ рӯз аст, ки нопадид шудааст.

Офоқи Қодириён, сухангӯи бахши вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки таҳқиқоти ин қазия ва ҷӯстуҷӯйи вай то ҳоло идома дорад. Вай таъкид кард, ки нопадид шудани Салим Шамсиддинов ангезаи сиёсӣ надорад.

оле қабл Салим Шамсиддинов дар наздикии манзилаш дар шаҳри Қурғонтеппа аз сӯи як гурӯҳи номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифта буд.

Он замон кормандони пулис натавонистанд афроди муқассир дар ин ҳодисаро боздошт ва ҳуввияти онҳоро ифшо кунанд, аммо бо гузашти як ҳафта аз ин ҳодиса ошхонае, ки оқои Шамсиддинов раҳбарии онро бар ӯҳда дошт, қисман оташ гирифта ва хароб шуд.

Салим Шамсиддинов мегӯяд, ки ӯ беш аз 20 сол дар бахши вазорати умури дохилии вилояти хатлон ва муддате қабл аз бознишаста шуданаш дар ожонсии зидди фасоди ин вилоят фаъъолият кард.

BBC

Рубрика: Uncategorized | Оставить комментарий